Ғалабаи КМВА «Помир» бар «Парвоз» дар даври 14-уми Лигаи олии футболи мамлакат

Аваз Юлдошев

Дар даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи КМВА «Помир» (Душанбе) бар дастаи «Парвоз» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз бозии ин давр дастаи КМВА «Помир» бо касби 20 имтиёз дар зинаи 6-уми ҷадвали мусобиқа қарор гирифта, аз дастаи «Регар-ТадАЗ» (шаҳри Турсунзода) […]



Дар даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи КМВА «Помир» (Душанбе) бар дастаи «Парвоз» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз бозии ин давр дастаи КМВА «Помир» бо касби 20 имтиёз дар зинаи 6-уми ҷадвали мусобиқа қарор гирифта, аз дастаи «Регар-ТадАЗ» (шаҳри Турсунзода) се имтиёз камтар дорад. Қоибили зикр аст, ки дастаи «Регар-ТадАЗ» як бозӣ камтар гузаронидааст.

Як рӯз пештар, санаи 26 сентябр ду бозии даври чордаҳуми чемпионати Тоҷикистон баргузор  шуд. Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ “Барқи тоҷик”-и Душанберо қабул карда, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Дар дербии суғдӣ миёни “Далерон-Уротеппа-и Истаравшан ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бошад, бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи хуҷандиҳо ғалаба ба даст овард.

Ёдрас мекунем, ки боз ду бозии дигари даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) ва «Регар-ТадАЗ» – «Вахш» (Қурғонтеппа) ба вақти дигар мавқуф гузошта шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.