Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Шоҳигарии Нидерланд дар Ню-Йорк

ASIA-Plus

Шоми рӯзи 27 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Миллали Муттаҳид бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте мулоқот намуда, зимни вохӯрӣ оид ба масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Нидерланд мубодилаи афкор сурат гирифт. “Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо Шоҳигарии Нидерланд манфиатдор буда, […]



Шоми рӯзи 27 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Миллали Муттаҳид бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте мулоқот намуда, зимни вохӯрӣ оид ба масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Нидерланд мубодилаи афкор сурат гирифт.

“Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо Шоҳигарии Нидерланд манфиатдор буда, таҳкими иртиботот бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз вазифаҳои умдаи сиёсати хориҷии мост”, -гуфт дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарвазири Шоҳигарии Нидерланд низ ба густариши ҳамкории судбахш ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард.

Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории мутақобилан судбахши Тоҷикистону Нидерланд фаровонанд ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо эҷоди заминаи мутаносиби ҳуқуқию қарордодӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чӣ дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва чӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо дар масоили таҳкими амнияти минтақа, тақвияти марзҳо, ҷалби сармоя, ҳифзи муҳити зист, коҳиш додани камбизоатӣ, мудирият ва истифодаи захираҳои обу энергетикаи минтақа, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ ҳамкории муассир дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии вазорату идораҳои дахлдор барои истиқболи гӯрӯҳи ширкатҳои кишоварзии ҳолландӣ, ки бо мақсади шиносоии имкониятҳои кишвар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меоянд, ёдовар шуда изҳори умед кард, ки “ин сафари ширкатҳои кишоварзии Шумо ба рушди муносибатҳои мо такони тозае хоҳад дод.”

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.