Дар МОИ «Панҷ» як ширкати қазоқӣ корхонаи бузурги коркарди нафт сохтанист

Пайрав Чоршанбиев

Яке аз ширкатҳои нафтии Қазоқистон ният дорад, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Панҷ»-и Тоҷикистон корхонаи муштараки коркарди нафт созад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти МОИ «Панҷ», ҳафтаи гузашта вохӯрии раҳбарияти МОИ «Панҷ» бо намояндаи ин ширкати Қазоқистон доир гардида, дар ҷараёни он қайд шуд, ки ширкати мазкур ба таъсиси корхонаи коркарди нафт бо иқтидори […]



Яке аз ширкатҳои нафтии Қазоқистон ният дорад, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Панҷ»-и Тоҷикистон корхонаи муштараки коркарди нафт созад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти МОИ «Панҷ», ҳафтаи гузашта вохӯрии раҳбарияти МОИ «Панҷ» бо намояндаи ин ширкати Қазоқистон доир гардида, дар ҷараёни он қайд шуд, ки ширкати мазкур ба таъсиси корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсоли то 120 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ дар ин минтақа имкон дорад.

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки минбаъд маҳсулоти ин корхона ба кишвари ҳамсояи Афғонистон содирот карда хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон воқеъ буда, қаламрави он 971,8 гектарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, давоми 6 моҳи соли равон дар қаламрави ин минтақа истеҳсоли маҳсулот ва иҷрои корҳои сохтмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.