Сӯхтор 6 хонаи яке аз биноҳои баландошёнаи пойтахтро фаро гирифт

ASIA-Plus

Дар яке аз хонаҳои бинои манзили зисти баландошёнаи воқеъ дар хиёбони Синои пойтахт нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр сӯхтор сар зад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон, сӯхтор дар хонаи Тилло Зиёдуллоеви 47-сола дар ошёнаи дуюми бино рух дода, алангаи оташ 800 метри мураббаъ, 6 манзили зист ва дигар иншооти ёрирасонро фаро гирифт. Гуфта […]



Дар яке аз хонаҳои бинои манзили зисти баландошёнаи воқеъ дар хиёбони Синои пойтахт нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр сӯхтор сар зад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон, сӯхтор дар хонаи Тилло Зиёдуллоеви 47-сола дар ошёнаи дуюми бино рух дода, алангаи оташ 800 метри мураббаъ, 6 манзили зист ва дигар иншооти ёрирасонро фаро гирифт.

Гуфта мешавад, барои хомӯш намудани сӯхтор ва бартараф сохтани оқибатҳои он 12 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ, се адад нақлиётҳои нардбондори ёрирасон, ҳамчунин ҳайати шахсии РХДО ш. Душанбе ва СХДО ВКД сафарбар карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба туфайли маҳорати баланди касбии оташнишонон амволи шаҳрвандон ба маблағи 10 млн. сомонӣ аз оташ эмин нигоҳ дошта шуда, касе аз шаҳрвандон ва ҳайати шахсии оташнишонон зарари ҷисмонӣ набардоштаанд.  

Ҳамчунин қайд мешавад, ки нисбати ҳодисаи мазкур аз тарафи мутахассисони соҳа тафтишот идома дошта, сабаб ва зарари расонидашуда аз сӯхтор муайян карда мешавад.



Навори видео аз Лутфулло Тағоев, шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Роҳбари Маркази тоҷикони Қазоқистон: Ҳамватанони мо маҳз тавассути “Азия-Плюс” маълумоти зарурӣ ва боэътимодро дар бораи Тоҷикистон мегиранд

Сисолагии “Азия-Плюс”-ро на танҳо шарикону сарпарастон, ҳамкасбону ҳаводорон ва хонандагон аз дохили Тоҷикистон, ҳамчунин берун аз он табрик мекунанд. Аз ҷумла, дирӯз аз номи...

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.