Зуҳуров: Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон бояд чун Астахов бошад

Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дастгирӣ кард. Мутобиқи тағйироту иловаҳои мазкур дар Тоҷикистон ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон таъсис дода мешавад. Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдаконро ба муҳлати панҷ сол президент таъин карда, номзадии ӯ дар иҷлосияи палатаи […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дастгирӣ кард.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои мазкур дар Тоҷикистон ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон таъсис дода мешавад. Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдаконро ба муҳлати панҷ сол президент таъин карда, номзадии ӯ дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумон тасдиқ ва ӯ дар ин ҷо бояд савганд ёд кунад.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вакил Маҳмадалӣ Ватанзода изҳор дошт, ки ба ин мансаб шахси синни болотар аз 35-солаи дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ таъин шуда метавонад. Дар ҳамин ҳол, як нафар на зиёдтар аз ду муҳлат пайдарпай ба ин вазифа таъин мегардад.

Масъалаи таъсиси ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон дар Паёми президент ба парлумон рӯзи 23 январи соли 2015 садо дода буд.

Ба андешаи раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, «Омбудсмени кишвар оид ба ҳуқуқи кӯдакон бояд чун ҳамтои русиягии худ Павел Астахов бошад, ки боисрор аз ҳуқуқҳои шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон Умаралӣ Назарови моҳи октябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҳалокшуда ҳимоят кард».

Дар ҷаласаи парлумон таъкид шуд, ки Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар навбати аввал бояд ба мушкилоти беш аз 46 ҳазор нафар ятимон, аз ҷумла беш аз 2 ҳазор нафар ятимони маҳрум аз падару модар ва ҳамчунин ҳалли мушкили худкушӣ миёни кӯдакон , ба мактабҳо баргардонидани зиёда аз 2 ҳазору 600 нафар шаҳрвандони хурдсоли Тоҷикистон, ки имрӯз ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намояд.


Дар акс:

Павел Астахов

– Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар Русия.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.