Се соҳибкори Чин ба маблағи 145 млн. $ дар Ёвон корхонаҳои саноатӣ бунёд мекунанд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент»-и Чинро тасдиқ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар Лочин Файзуллозода изҳор дошт, ки дар созишнома сохтмони се корхонаи истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта пешбинӣ […]



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент»-и Чинро тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар Лочин Файзуллозода изҳор дошт, ки дар созишнома сохтмони се корхонаи истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта пешбинӣ шуда, иқтидори корхонаҳо истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент, 1 млн. метри мукааб гаҷкартон дар як сол ва 8 млн. дона халта дар як моҳро ташкил хоҳад дод.

«Амалисозии лоиҳа дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оғоз гардида, то охри сол ба истифода додаи корхонаҳои истеҳсоли гаҷкартон ва халта дар назар аст. Таҷҳизоти истеҳсолӣ барои корхонаҳои оянда ба ҷумҳурӣ ворид шуд», – гуфт Файзуллозода.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаҳо наздики 1 ҳазор нафар бо  ҷойи кори домӣ таъмин шуда, ба буҷети кишвар ба сифати андоз ҳамасола 120 млн. сомонӣ маблағ ворид мешавад.

Муовини аввали раиси Кумита ҳамчунин илова кард, ки арзиш умумии лоиҳаҳо ба 145 млн. доллари ИМА баробар аст.

Корхонаи муштараки «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» аз ҷониби шарикони тоҷикистониву чинӣ таъсис дода шуда, бастаи назоратии саҳмияҳои корхона, яъне 75% – ба се тоҷири Чин ва 25% – ба шарикони тоҷикистонӣ тааллуқ доранд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» барои дастгирии бахши иҷтимои ноҳияи Ёвоназ ҳисоби худ мактаби миёна сохта, ба бемористони маҳаллӣ ду автомашинаи ёрии таъҷилӣ тақдим кард.

Дар назар аст, ки бинои мактаби миёна моҳи апрели соли 2016 ба истифода дода мешавад ва сипас ин иншоот ба тавозуни ноҳия гузаронида мешавад. Арзиши сохтмони мактаб  13 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.