Кумаки Ҷопон ба сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар Ҳамадонӣ

Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такашӣ Камада ҳамроҳи Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 16-ми декабри соли 2015 дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи “Янгийул”-и ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» иштирок карданд. Ҳукумати Ҷопон  дар чаҳорчӯбаи Барномаи оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ […]

Иттилоияи расмӣ



Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такашӣ Камада ҳамроҳи Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 16-ми декабри соли 2015 дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи “Янгийул”-и ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» иштирок карданд.


Ҳукумати

Ҷопон

 дар чаҳорчӯбаи Барномаи оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба ҳокимияти маҳалии ноҳияи Хамадонӣ барои иҷрои лоиҳаи мазкур 88,120 доллари ИМА дастрас намуд.

Бинои бунгоҳи тиббии деҳаи “Янгийул” дар натиҷаи боришоти зиёд ва фаромадани сел 28-29 марти соли 2013 дучори зарари калон гашт. Бинобар набудани ягон бунгоҳи тиббӣ дар гирду атрофи деҳаи мазкур, сокинони “Янгийул” маҷбур мегаштанд то ба Беморхонаи марказии ноҳия, ки дар фосилаи хело дур аз деҳа љойгир буд, биёянд ва айни замон табибони маҳаллӣ беморонро дар хонаашон табобат мекарданд. Бо иҷрои бомуваффақи лоиҳа, бинои нави бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи “Янгийул” сохта шуда ҳоло дастрасии хизматрасонии тиббиро ба мардум зудтар ва осон гардонида аст.

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 346 лоиҳаро ба маблағи умумии $28 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.