Лоиҳаи ИА баҳри дастгирии ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ

Мақсади лоиҳаи «Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо: васеънамоии имкониятҳои ташкилотҳо – ҳуқуқҳои ҳимояшуда» таҳким ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ва аҳли оилаи онҳо (ММваАО) тавассути баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи густариши ҳамкорӣ миёни ин муассисаҳо арзёбӣ мешавад. Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар кишварҳои қабулкунанда дар ҷойҳое […]



Мақсади лоиҳаи «Муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо: васеънамоии имкониятҳои ташкилотҳо – ҳуқуқҳои ҳимояшуда» таҳким ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ва аҳли оилаи онҳо (ММваАО) тавассути баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи густариши ҳамкорӣ миёни ин муассисаҳо арзёбӣ мешавад.

Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар кишварҳои қабулкунанда дар ҷойҳое кор мекунанд, ки маоши паст дошта, талабот нисбат ба касбият онҳо чандон баланд нест. Онҳо нисбат ба ҳуқуқҳои худ дар кишваре, ки одатан кор мекунанд, маълумоти зарурӣ надоранд, ҳамчунин дастрасии онҳо ба машваратҳои ҳуқуқӣ маҳдуд аст ва бинобар ин, дар бештар маврид муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ба муносибатҳои ғайриинсонӣ ва таҷовузкорона рӯ ба рӯ мешаванд. Бо мақсади мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо лоиҳаи мазкур иқтидори 25 гурӯҳи ташаббускор ва гурӯҳҳои худёрирасонро барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ММ ва АО тариқи бунёди муколама бо сохторҳои давлатӣ тавассути тренингҳои таълимӣ баланд бардошт.

«Лоиҳа дар ҳаёти мо дигаргунӣ ворид кард. Дар раванди лоиҳа мо аниқ кардем, ки дигар ҳангоми мушкилот ба куҷо муроҷиат бояд кард. То ин дам, мо ҳамеша фикр мекардем, ки ба куҷо равему додамонро ба кӣ гӯем, чунки на ҳама кормандони сохторҳои давлатӣ дақиқ медонистанд, ки дар ин маврид кӣ бояд ба мо ёрӣ расонад. Баъди иштирок дар тренингҳо бо иштироки кормандони давлатии маҳаллӣ мо оид ба самтҳои хизматрасонии онҳо бохабар шудем ва боварӣ ба кӯмак бештар гардид», -мегӯяд С. Каримов, узви гуруҳи ташаббускори ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш.

Дастовардҳои дигари лоиҳа – паҳн намудани иттилоот оид ба ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо, воситаҳои ҳуқуқии дастрас, хизматрасонӣ ва низоми роҳхат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо дар Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба воситаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (телефон, SMS, почтаи электронӣ, сомона) таъмин карда мешавад. Ҳамчунин дар доираи лоиҳа донишу малакаи 160 намояндаи ҳукуматӣ, ки дар самти танзим ва ҷараёни муҳоҷиратӣ меҳнатӣ ва бевосита бо ММ ва АО кору фаъолият мекунанд, тариқи тренингҳо бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, баланд бардошта шуд. Лоиҳа ҳамчунин иқтидори ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро оид ба идоракунии молиявӣ тавассути барномаҳои таълимӣ такмил дод.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ гардида, тавассути DCA Central Asia дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон», «Ғамхорӣ» ва «Иқдомҳои шахрвандӣ дар рушд” дар Тоҷикистон амалӣ шуд. Буҷаи лоиҳа 300,000 евро аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва 160,000 евро аз ҷониби DCA Central Asia маблағгузорӣ шуд. Лоиҳа дар доираи барномаи «Дастгоҳи аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқҳои инсон (EIDHR)» аз моҳи феврали соли 2014 оғоз шуда, моҳи декабри соли 2015 ба анҷом мерасад. Минтақаҳои фарогирифтаи лоиҳа шаҳри Душанбе, ноҳияи Ҳисор, вилояти Хатлон (Вахш, Бохтар, Ҷомӣ) буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.