Болоравии мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон

Тӯли 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон содир гардидани ҳудуди 4,9 ҳазор ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9% бештар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, сабти ҳодисахои дуздӣ, аз ҷумла дуздӣ дар манзилҳо – 27%, ғоратгарӣ – 7,5%, куштор ва суиқасд ба куштор – […]



Тӯли 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон содир гардидани ҳудуди 4,9 ҳазор ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9% бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, сабти ҳодисахои дуздӣ, аз ҷумла дуздӣ дар манзилҳо – 27%, ғоратгарӣ – 7,5%, куштор ва суиқасд ба куштор – 5,9%, порагирӣ – 5,2% ва одамрабоӣ – аз 10 то 11 ҳолат афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2015 зиёда аз 2,8 ҳазор ҷиноятҳои иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4,5% зиёдтар мебошад.

Гуфта мешавад, дар ин давра 506 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ сабт шуда, ба маргу ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштани ҷабрдидагон боис гардидааст.

Тӯли 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ наздики 20 ҳазор ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% бештар мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.