Оғози аксияи «20 амали нек»-и «Азия-Плюс» дар ноҳияи Носири Хусрав

ASIA-Plus

Дар доираи чорабиниҳо ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс», раҳбарият ва ҳайати кормандони он баргузор намудани аксияи «20 амали нек»-ро ба нақша гирифтанд. Қобили зикр аст, ки аксия аз мавзеи дурдасти деҳот, макони иқомати аҳолии кӯчонидашуда, ки шароити зиндагониашон нисбатан душвор аст, оғоз мегардад. Имрӯз намояндагони «Азия-Плюс» барои кӯдакони деҳаи Фирӯзаи ноҳияи Носири […]



Дар доираи чорабиниҳо ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс», раҳбарият ва ҳайати кормандони он баргузор намудани аксияи «20 амали нек»-ро ба нақша гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки аксия аз мавзеи дурдасти деҳот, макони иқомати аҳолии кӯчонидашуда, ки шароити зиндагониашон нисбатан душвор аст, оғоз мегардад.

Имрӯз намояндагони «Азия-Плюс» барои кӯдакони деҳаи Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон чорабинии идона барпо намуда, барои фарзандони аҳолии ба ин мавзеъ кӯчониашуда, ки аз шароити мусоид барои таҳсилу истироҳат маҳруманд, туҳфаҳо ҳадя мекунанд.

Дар ҳайат ҳамчунин Бобои Барфӣ ва Барфак низ ҳузур доранд, ки ба кӯдакон натанҳо шириниву туҳфаҳо ҳадя мекунанд, балки меҳмони чорабинии идонаи кӯдакон шуда, табъи онҳоро болида мегардонанд. Барои кӯдакон консерт ва озмуну дигар бозиҳои шавқовар ташкил карда мешаванд.

Қаблан дар бораи

чӣ гуна ҷашн гирифтани солгарди таъсисёбии гурӯҳи расонаҳоямон

маълумот дода будем. Мувофиқи ин нақшаҳо, давоми тамоми соли 2016 бо хонандагону ҳаводорони нашрияву маҷалла, корбарони сомонаву шунавандагони радио аксияҳои гуногун, озмунҳо, конесрту вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.

Мо тасмим гирифтем, ки аз баргузор намудани ҷашнҳои маъмулии пуршукӯҳ даст кашида, ба ивази он ба роҳандозии иқдомҳои хайрия машғул шавем, ки бештар шавқовару муфид аст.

Чорабинӣ дар ноҳияи Носири Хусрав нахустин аз рӯйхати ҷашнии «20 амали нек»-и гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад