Намояндаи махсуси Путин: Мо бо толибон манфиатҳои умумӣ дорем

Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор намуданд, ки манфиатҳои толибон дар мубориза бар зидди «Давлати исломӣ» дар Афғонистон бо ҳадафҳои Русия ба ҳамдигар мувофиқанд. «Манфиатҳои толибон дарвоқеъ ҳам бо ҳадафҳои мо мувофиқанд», – гуфтааст намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон ва директори департаменти ВКХ Русия Замир Кобулов дар мусоҳиба ба «Интерфакс» . Зимни посух […]



Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор намуданд, ки манфиатҳои толибон дар мубориза бар зидди «Давлати исломӣ» дар Афғонистон бо ҳадафҳои Русия ба ҳамдигар мувофиқанд.

«Манфиатҳои толибон дарвоқеъ ҳам бо ҳадафҳои мо мувофиқанд», – гуфтааст намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон ва директори департаменти ВКХ Русия Замир Кобулов дар мусоҳиба ба

«Интерфакс»

.

Зимни посух ба савол дар бораи имкони истифодаи толибон ҳамчун иттифоқчӣ дар мубориза бо созмони террористии «Давлати исломӣ», Кобулов қайд кардааст, ки «манфиатҳои толибон бидуни ҳавасмандсозӣ низ бо ҳадафҳои мо якхела мебошанд».

Ба гуфтаи ӯ, «толибон бидуни ишораи мо низ ба ин кор машғуланд, чунки эҳсос кардаанд, ки ДИИШ низ замоне чун «Ал-Қоида» онҳоро бо мақсадҳои фаромиллӣ, барои таъсиси халифат ва ҷиҳоди глобалӣ истифода бурданист». «Толибон инро эҳсос намуда, аллакай ба Давлати исломӣ ҷиддӣ мубориза мебаранд», – таъкид доштааст Кобулов.

Номбурда зикр кардааст, ки «толибони Афғонистону Покистон изҳор доштаанд, ки халифи худэълони «Давлати исломӣ» Абӯбакр ал-Бағдодӣ ва худи Давлати исломиро низ эътироф намекунанд. «Ин хеле муҳим аст», – таъкид доштааст намояндаи махсуси Русия.

Ӯ хотиррасон намудааст, ки «қаблан низ дар бораи мавҷуд будани робитаи Русия бо толибон дар масъалаи табодули маълумот» низ изҳори назар карда буд.

Дар робита ба ҳаллу фасли вазъи имрӯза  дар Афғонистон Кобулов таъкид доштааст, ки Русия ҷонибдори бо роҳи сиёсӣ ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвар аст.

Қобили зикр аст, ки соли 2003 Шӯрои амнияти СММ ҳаракати «Толибон»-ро террористӣ эътироф намуд. Ҳамон сол Русия низ ба ин монанд қарор қабул карда, бо қарори Суди олӣ аз 14 феврали соли 2003, ин ҳаракат ба рӯйхати дахлдори Русия шомил шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.