Тағйироти БМТ ба тартиби ташкили фонди пӯшонидани талафот аз рӯи қарзҳо

Дар вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбарон ва сардорони сохторҳои марбутаи қарздиҳии бонкҳои ҷумҳурӣ дар доираи Барномаи дастгирии буҷет, андешидани чораҳо дар самти солимгардонии бонкҳо, масъалаи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали 177 “Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо” ва […]



Дар вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбарон ва сардорони сохторҳои марбутаи қарздиҳии бонкҳои ҷумҳурӣ дар доираи Барномаи дастгирии буҷет, андешидани чораҳо дар самти солимгардонии бонкҳо, масъалаи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали 177 “Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо” ва Тартиби татбиқи ҷораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷаласа ҳамчунин намояндаи Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Дамодаран Кришнамуртӣ иштирок намуд ва бо муаррифии муфассал оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №177 дар назди роҳбарон ва мутахассисони бонкҳои кишвар баромад кард.

Тавре намояндаи Бонки ҷаҳонӣ зимни пешниҳоди муаррифии худ иброз дошт, тағйиру иловаҳои номбурда асосан тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти хусусиятҳои миллии низоми бонкӣ таҳия шуда, барои беҳтар ба роҳ мондани шаклу усулҳои қарздиҳӣ, ташкил ва истифодаи дурусти захираҳо, фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо равона гардидаанд.

Дар ҷараёни муҳокимаи баъзе бандҳои лоиҳаи тағйиру иловаҳо, аз ҷумла оид ба гуруҳбандӣ ва таснифоти намудҳои қарзҳо, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда миёни иштирокдорони ҷаласа ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ саволу ҷавоб баргузор гардид ва ҷонибҳои фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.