Имкони аз ҷониби БОР ҷудо шудани 60 млн. $ барои дастгирии буҷети Тоҷикистон

ASIA-Plus

Бо шарти баргузор намудани ислоҳот дар самти беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, Бонки осиёгии рушд (БОР) омода аст, ки барои дастгирии буҷети Тоҷикистон 60 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кунад. Аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин маблағ дар доираи барномаи дастгирии ҷумҳурӣ барои соли равон пешниҳод […]



Бо шарти баргузор намудани ислоҳот дар самти беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, Бонки осиёгии рушд (БОР) омода аст, ки барои дастгирии буҷети Тоҷикистон 60 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кунад.

Аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин маблағ дар доираи барномаи дастгирии ҷумҳурӣ барои соли равон пешниҳод шуда метавонад.

«Аммо қабл аз ин бояд якчанд шартҳо иҷро шаванд, ки ба беҳтар намудани муҳити умумии сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд». – гуфтанд дар намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, дастгирии пешбинишуда ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки каср (дефитсит)-и назарраси буҷети кишварро коҳиш бидиҳад. «Ба иллати поинравии қурби рубл ва коҳиши рушди иқтисоди Русия, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ кам шуда, шумори муҳоҷироне, ки ба ватан бармегарданд, афзуд ва ин ба камбуд ё иҷро нашудани буҷет (каср) боис гардид», – таъкид дошт манбаъ.

Дар намояндагии БОР қайд карданд, ки айни замон бо ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин маврид гуфтугӯҳо ҷараён дошта, баъди дар палатаи болоии парлумон тасдиқ шудани қонун «Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ», ҳаллу фасли ин масъала имконпазир аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.