Аз рӯи индекси Доу Ҷонс ширкати LG яке аз пешсафон дониста шуд

Имсол ширкати LG тарафи ширкати S&P аз рӯи индекси Доу Ӌонс пешсаф дониста шуд. Ин аллакай бори якум нест, ки ширкати LG ҳамчун ширкати муътадил ва масъул дар соҳаи дахлдори саноат дониста мешавад. Хадамоти шохиси S&P Dow Jones ширкати сармоягузории Robeco SAM, ки ба сармоягузории муътадил таваҷҷуҳи хосса медиҳад, имрӯз натиҷаи мунтахаби ҳарсолаи шохиси Доу […]



Имсол ширкати LG тарафи ширкати S&P аз рӯи индекси Доу Ӌонс пешсаф дониста шуд. Ин аллакай бори якум нест, ки ширкати LG ҳамчун ширкати муътадил ва масъул дар соҳаи дахлдори саноат дониста мешавад.

Хадамоти шохиси S&P Dow Jones ширкати сармоягузории Robeco SAM, ки ба сармоягузории муътадил таваҷҷуҳи хосса медиҳад, имрӯз натиҷаи мунтахаби ҳарсолаи шохиси Доу Ӌонсро эълон намуданд. (DJSI).

LG бори дигар топ – ширкати шохиси DJSI  дар самти молҳои истеъмолӣ ва саноатӣ дониста шуда, мақоми пешворо дар рӯйхати умумии ширкатҳои пешрав, мисли  Volkswagen, Unilever ва 21-тои дигар брендҳои ҷаҳонӣ соҳиб гашт. Соли дуюм аст, ки ширкати LG аз ҳама ширкати муътадил дар категорияи худ дониста мешавад ва дар давоми чор сол мунтазам ширкат ба мунтахаби ҷаҳонии DJSI дохил карда шудааст.

«Барои ширкати LG ин шарафи бузург аст. Мо аз оне, ки чунин номҳои муҳтарами олами бизнес моро эътироф кардаанд, ифтихор мекунем,», – гуфт Ли Чунг-Хак, ноиб-президенти иҷроияи LG Electronics. – Баҳодиҳии ҳарсолаи муътадилии корпоративӣ аз ҷониби RobecoSAM, мусоидат мекунад, ки фаъолияти мо ҳамчун созмони масъул ва тавонои рақобат бо дигар ширкатҳо баҳогузори карда шавад. Донистани оне, ки мо аз ҳамаи интизориҳо пешсафем, гуворост.  Чунин тафсирҳои конструктивӣ барои дарки аҳамияти фаъолияти мушкил ва ҳамаи кӯшишҳои кормандони мо кумак мекунад».

DJSI якумин индекси глобалиест, ки рушди муътадили ширкатҳои барандаро дар тамоми ҷаҳон, тибқи таҳлили омилҳои молиявию моддӣ, иҷтимоӣ, идоракунии муҳити атроф, ки аз ҷониби RobecoSAM гузаронида мешавад, пайгирӣ ва эълон мекунад.

Баҳогузории ҳарсолаи муътадилии корпоративии (CSA) RobecoSAM муайян мекунад, ки кадом ширкатҳо рейтинги ширкатҳои аввалини шохисҳои глобалии рушди муътадилро соҳиб мегарданд. Дар маҷмӯъ 3 400 ширкати бузургтарини тамоми дунё барои иштирок дар баҳогузории ҳарсолаи муътадилнокии корпоративӣ даъват шуда буданд. Имсол RobecoSAM 85 дарсади сармоякунонӣ (капитализатсия)-и ширкатҳои ба мунтахаби DJSI даъватшударо баҳогузорӣ намуд.

Рӯйхати ширкатҳо ва таҳлили муфассал DJSI дар веб-сайти шохисҳои муътадилнокӣ нашр шудаанд: (http://www.sustainability-indices.com/review/industry-group-leaders-2015.jsp). 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.