Маблағгузории БАТР ба харидории 100 автобус барои шаҳри Хуҷанд



Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) харидории то 100 адад автобусро барои шаҳри Хуҷанд маблағгузорӣ мекунад.

Дар иттилоияи интишоршудаи намояндагии БАТР дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки бо ин мақсад бонк бо кафолати давлатӣ дар ҳаҷми 17,5 млн. доллари ИМА қарз ҷудо карда, он бо ду қисмат ба Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» дода мешавад, ки ин корхона ба танзими  кори ҳамаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳр масъул аст.

Ғайр аз ин, Фонди махсуси саҳҳомони БАТР ва мададрасони байнулмилалӣ барои ин лоиҳа гранти махсуси сармоягузорӣ ба маблағи 8,5 млн. доллари ИМа пешниҳод мекунанд.

«Қарз ба шаҳр имкон медиҳад, ки то 100 адад автобуси фаршашон паст харида, депои автобусҳоро таъмиру таҷдид намояд ва ҳамчунин таҷҳизоти нави таъмир насб намуда, низоми нави пардохти раҳкироро ҷорӣ созад», – қайд мешавад дар иттилоия.

Дар назар аст, ки миёни ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва БАТР оид ба дастгирии лоиҳа созишнома ба имзо расида, мутобиқи он шаҳрдорӣ ба корхонаи «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» дар амалисозии лоиҳа кумаку мусоидат мекунад.

«Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимии ҷаҳон буда, оид ба таҷдиду навсозӣ нақшаҳои зиёд дорад. Баъди ба беҳбуди низоми обтаъминкунӣ, хориҷ кардани об, идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва ҳамчунин баланд шудани амнияти ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ кумак кардани сармоягузориҳои бонк, мо омодаем, ки ба таъмиру азнавсозии низоми нақлиёти ҷамъиятии шаҳр низ саҳм гузорем». – гуфтааст роҳбари шуъбаи зербино оид ба Русия ва Осиёи Марказӣ Екатерина Мирошник.

Қобили зикр аст, ки соли равон БАТР дар шаҳри Хуҷанд дафтари кории махсус барои кумак ба тиҷрати хурду миёна дар масъалаи дастрасӣ ба машварати корӣ ва «ноу-хау» боз намуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное