Изҳороти сафорати Туркия дар робита ба ҷорӣ кардани низоми раводид

ASIA-Plus

Сафорати Туркия дар Тоҷикистон маълумоти ВАО дар бораи аз 1 июни соли 2016 аз ҷониби ин кишвар ҷорӣ шудани низоми раводид барои 89 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро беасос унвон кард. Дар изҳороти ба дасти «Азия-Плюс» расида қайд мешавад, ки гуфтушунидҳо бо Иттиҳоди Аврупо бо мақсади таъмини озод шудан аз гирифтани раводиди Шенген барои шаҳрвандони Туркия […]



Сафорати Туркия дар Тоҷикистон маълумоти ВАО дар бораи аз 1 июни соли 2016 аз ҷониби ин кишвар ҷорӣ шудани низоми раводид барои 89 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро беасос унвон кард.

Дар изҳороти ба дасти «Азия-Плюс» расида қайд мешавад, ки гуфтушунидҳо бо Иттиҳоди Аврупо бо мақсади таъмини озод шудан аз гирифтани раводиди Шенген барои шаҳрвандони Туркия идома доранд.

«Комилан ба тартиб овардани сиёсати раводидии мо бо кишварҳои сеюми Иттиҳоди Аврупо уҳдадориест, ки мо бояд баъди пурра ба узвияти Иттиҳоди Аврупо пазируфта шудани Туркия иҷро намоем», – зикр мегардад дар маълумот.

«Ҳамин тариқ, дар ин марҳила маълумот дар бораи нақшаҳои Туркия оид ба ҷорӣ кардани равуо тариқи низоми раводид аз 1 июни соли 2016 нисбати кишварҳое, ки ба онҳо гирифтани раводиди Иттиҳоди Аврупо зарур аст, асоси воқеъӣ надорад», – таъкид мешавад дар изҳороти сафорат.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл як қатор ВАО бо истинод ба расонаҳои туркӣ, ки дар навбати худ ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар такя мекарданд, хабар доданд, ки тобистони соли равон Туркия бо 89 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Тоҷикистон, ки миёни кишварҳо низоми бидуни раводид амал мекард,

реҷаи равуо тариқи раводид (виза)-ро ҷорӣ мекунад

ва аз ҷониби Туркия ҷорӣ кардани низоми раводид яке аз талаботи Иттиҳоди Аврупо аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.