Стратегҳои тоҷик аз амалисозии нақшаи зиддибуҳронии ҳукумат қаноатманданд

Пайрав Чоршанбиев

– Ба ҳукумати Тоҷикистон таъмини устувории макроиқтисодӣ дар соли гузашта дар доираи барномаи зиддибуҳронии аввали соли 2015 қабулгардида муяссар шуд, – изҳор дошт муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Фарида Муминова. Ӯ қайд кард, ки аввали соли 2015 ҳукумат нақшаи чорабиниҳо оид ба сабуксозии таъсири буҳрони ҷаҳонии молии иқтисодиро қабул кард, ки муддати […]



– Ба ҳукумати Тоҷикистон таъмини устувории макроиқтисодӣ дар соли гузашта дар доираи барномаи зиддибуҳронии аввали соли 2015 қабулгардида муяссар шуд, – изҳор дошт муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Фарида Муминова.

Ӯ қайд кард, ки аввали соли 2015 ҳукумат нақшаи чорабиниҳо оид ба сабуксозии таъсири буҳрони ҷаҳонии молии иқтисодиро қабул кард, ки муддати тамоми сол амалӣ шуд.

Ба сифати далели «устувории макроиқтисодӣ» Муминова таъкид дошт, ки соли гузашта ба ҳукумат муяссар шуд, ки сатҳи таваррумро то 5% нигоҳ дорад, ҳарчанд аз рӯи натиҷаҳои сол дар сатҳи 7,5% пешбинӣ шуда буд.

Ҳамчунин ба қавли ӯ, дар доираи амалисозии нақшаи зиддибуҳронӣ тадбирҳо оид ба солимгардонии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла ШСХК «Барқи тоҷик» ва Ширкати алюминии тоҷик низ ба иҷро расиданд.

Муминова қайд кард, ки боз яке аз самтҳои тарҳи зиддибуҳронӣ дастгирии фаъолияти соҳибкорон ва беҳбуди муҳити сармоягузориро дар бар мегирифт.

Ӯ таъкид дошт, ки дар рейтинги ахири Бонки ҷаҳонӣ – «Пешбурди тиҷорат «(Doing Buziness) Тоҷикистон мақоми назаррасро касб карда, тайи панҷ соли ахир ҷумҳурӣ дар ин рейтинг мавқеи худро ҳафт зина боло бурд.

Ба гуфтаи Ф.Муминова, ҳамчунин як қатор тадбиру иқдомҳо дар мавриди таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ низ амалӣ шудаанд, ки аз самтҳои дигари барномаи зиддибуҳронии ҳукумат маҳсуб меёфт.

Дар маҷмӯъ, қайд кард ӯ, дар амалисозии барномаи зиддибуҳронӣ дар баробари дастовардҳо ҳамзамон мушкилоти муайяне низ вуҷуд доранд. «Ҳалли тамоми мушкилот дар муддати як-ду сол «ғайриимкон аст», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.