Аҳолии саросари кишвар паёми президентро мустақиман тамошо мекунанд

ASIA-Plus

Бо дастури ҳукумати ҷумҳурӣ ШСХК «Барқи тоҷик» рӯзи 20 январ аз соати 10-00 то нимаи рӯз тамоми маҳаллаҳои аҳолинишини кишварро мунтазам бо нерӯи барқ таъмин мекунад, то ки аҳолии кишвар ба мустақиман тамошову гӯш додани паёми президент ба парлумон имкон дошта бошанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, […]



Бо дастури ҳукумати ҷумҳурӣ ШСХК «Барқи тоҷик» рӯзи 20 январ аз соати 10-00 то нимаи рӯз тамоми маҳаллаҳои аҳолинишини кишварро мунтазам бо нерӯи барқ таъмин мекунад, то ки аҳолии кишвар ба мустақиман тамошову гӯш додани паёми президент ба парлумон имкон дошта бошанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, паёми ҳамасолаи сарвари давлат ба парлумон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба шумор рафта, аз ин рӯи аҳолӣ метавонад онро мустақиман тамошо кунад.

Бино ба гуфти манбаъ, шоми рӯзи 20 январ тамоми шабакаҳои телевизиони кишвар аз соати 20-00 то 22-00 такроран ироаи паёми президент ба парлумонро намоиш дода, дар ин вақт ба минтақаҳо мутобиқи лимити муқарраршуда барқ дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки тамоми шабакаҳои марказии телевизиони давлатӣ ва радиои Тоҷикистон маросими ироаи паёми президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба парлумонро мустақиман пахш хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.