Боздошти ду нафар дар пойтахт ба гумони ғоратгарӣ

ASIA-Plus

Кормандони милитсия сокини 34-солаи шаҳри Душанбе ва ҳамроҳи ӯ – сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшудагон охири моҳи ноябри соли гузашта дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт бо тариқи зӯроварӣ аз ҷавонзани 18-солаи сокини пойтахт як адад гарданбанди тиллоӣ ва як адад телефони […]



Кормандони милитсия сокини 34-солаи шаҳри Душанбе ва ҳамроҳи ӯ – сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакиро ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшудагон охири моҳи ноябри соли гузашта дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт бо тариқи зӯроварӣ аз ҷавонзани 18-солаи сокини пойтахт як адад гарданбанди тиллоӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “АСЕР”, ки маблағи умумии онҳо 2500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

«Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 237 (авбошӣ) ва 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва шарики ӯ марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.