«Амонатбонк» ҳаҷми қарздиҳиро 1,5 баробар зиёд кард

ASIA-Plus

Дар муқоиса бо соли гузашта дар Бонки давлатии амонтагузории «Амонатбонк» соли 2015 ҳаҷми қарздиҳӣ 1,5 баробар афзуд. Раиси БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки соли 2015 бонк ба 28 ҳазор нафар мизоҷон ба маблағи умумии 1,3 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод намуда, «ғайр аз ин, ҷиҳати дастгирии бонкҳои ҷумҳурӣ ба […]



Дар муқоиса бо соли гузашта дар Бонки давлатии амонтагузории «Амонатбонк» соли 2015 ҳаҷми қарздиҳӣ 1,5 баробар афзуд.

Раиси БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки соли 2015 бонк ба 28 ҳазор нафар мизоҷон ба маблағи умумии 1,3 млрд. сомонӣ қарзҳо пешниҳод намуда, «ғайр аз ин, ҷиҳати дастгирии бонкҳои ҷумҳурӣ ба ин муассисаҳо низ қарз додааст».

Ба қавли Ҳакимзода, тақсимоти воситаҳои қарзӣ дар соли гузашта миёни бахшҳои муҳимтарини иқтисоди ҷумҳурӣ ба таври зайл сурат гирифтаанд: ба бахши кишоварзӣ – 21,6%; саноат – 19,6% сохтмон – 23,5%; эҳтиёҷоти истеъмолӣ – 11,4% савдо – 17,9%; нақлиёт – 5,2% ва дигар соҳаҳо – 0,8%.

Номбурда изҳор намуд, ки бақияи сандуқи қарзии БДА «Амонатбонк» дар охири соли гузашта 1,1 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2014 ба миқдори 21% зиёдтар аст.

Ҳакимзода ҳамчунин таъкид дошт, ки дар шароити таъсири буҳрони ҷаҳонии молӣ мушкилоти баргардонидани қарзҳои муҳлаташон гузашта ба вуҷуд омадааст, ки мувофиқи имкон ҳаллу фасл мешаванд. «Кормандони мо ҳамарӯза бо ин қарзҳо сарукор доранд», – афзуд раиси бонк. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.