Қатли 71 ҷангии тундгаро дар Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон

ASIA-Plus



Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон дар вилояти Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон 71 ҷангии гурӯҳи тундгарои «Толибон» ба қатл расонида шудаанд. Дар ин бора хабаргузории


Khaama


бо такя ба  манбаъҳояш дар нерӯҳои амниятӣ иттилоъ додааст.

Сардори пулиси вилоят Муҳаммад Қосим Ҷангалбах ба рӯзноманигрон дар ин робита хабар додааст, ки дар мавзеи Дашти Арчи низомиён 61 нафар ҷангиён, аз ҷумла 3 тан аз фармондеҳон ва боз 10 нафар толибонро дар мавзеъҳои Чордара ва Хонобод нобуд кардаанд.

Ҳамчунин бо истинод ба фармондеҳи дивизияи 20-уми артиши миллии Афғонистон «Помир» генерал Муайюдин Гурӣ ВАО иттилоъ медиҳанд, ки рӯзи якшанбе дар қаламрави вулусволии Хонободи вилояти Қундуз амалиёти нобудсозии гурӯҳҳои ҷиноятпеша гузаронида шудааст.

«Дар ҷараёни амалиёт 12 ҷангӣ кушта ва 8 нафари онҳо захмӣ шуда, нерӯҳои низомии ҳукумат боз 5 тан аз ҷангиёни ҳаракати ифротгарои «Толибон»-ро боздошт намуданд», – иттилоъ медиҳад

«Интерфакс»

 бо такя ба гуфтаҳои ин фармондеҳ.

Бино ба маълумоти генерал, айни замон ҳудуди 2,5 ҳазор ҷангиён дар қаламрави вилояти Қундуз қарор доранд, ки тақрибан 200 нафарашон хориҷиён мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.