Қатли 71 ҷангии тундгаро дар Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон

Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон дар вилояти Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон 71 ҷангии гурӯҳи тундгарои «Толибон» ба қатл расонида шудаанд. Дар ин бора хабаргузории Khaama бо такя ба  манбаъҳояш дар нерӯҳои амниятӣ иттилоъ додааст. Сардори пулиси вилоят Муҳаммад Қосим Ҷангалбах ба рӯзноманигрон дар ин робита хабар додааст, ки дар мавзеи Дашти Арчи низомиён 61 […]



Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон дар вилояти Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон 71 ҷангии гурӯҳи тундгарои «Толибон» ба қатл расонида шудаанд. Дар ин бора хабаргузории


Khaama


бо такя ба  манбаъҳояш дар нерӯҳои амниятӣ иттилоъ додааст.

Сардори пулиси вилоят Муҳаммад Қосим Ҷангалбах ба рӯзноманигрон дар ин робита хабар додааст, ки дар мавзеи Дашти Арчи низомиён 61 нафар ҷангиён, аз ҷумла 3 тан аз фармондеҳон ва боз 10 нафар толибонро дар мавзеъҳои Чордара ва Хонобод нобуд кардаанд.

Ҳамчунин бо истинод ба фармондеҳи дивизияи 20-уми артиши миллии Афғонистон «Помир» генерал Муайюдин Гурӣ ВАО иттилоъ медиҳанд, ки рӯзи якшанбе дар қаламрави вулусволии Хонободи вилояти Қундуз амалиёти нобудсозии гурӯҳҳои ҷиноятпеша гузаронида шудааст.

«Дар ҷараёни амалиёт 12 ҷангӣ кушта ва 8 нафари онҳо захмӣ шуда, нерӯҳои низомии ҳукумат боз 5 тан аз ҷангиёни ҳаракати ифротгарои «Толибон»-ро боздошт намуданд», – иттилоъ медиҳад

«Интерфакс»

 бо такя ба гуфтаҳои ин фармондеҳ.

Бино ба маълумоти генерал, айни замон ҳудуди 2,5 ҳазор ҷангиён дар қаламрави вилояти Қундуз қарор доранд, ки тақрибан 200 нафарашон хориҷиён мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.