Ҳунарманди маъруфи синамо Леонардо ди Каприо ба ҷоизаи деринтизори «Оскар» дар номинатсияи «Актёри беҳтарин» барои нақш дар филми «Зиндамонда» (Выживший) соҳиб шуд. Ин довталабии шашуми ин ҳунарманд ба ин ҷоиза маҳсуб меёбад.
Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад, маросими тақдими ҷоизаҳои Академияи амрикоии ҳунари синамо «Оскар» дар театри «Долби»-и Голливуд рӯзи 28 феврал баргузор шудааст.
Ди Каприо барои нақши шикорчӣ Хю Гласс дар филми «Зиндамонда» ба ин мукофот сазовор дониста шудааст. Ҳунарманди беҳтарини синамо миёни занон Бри Ларсон барои нақш дар филми «Комната» ва филми беҳтарин «Дар маркази таваҷчуҳ» (В центре внимания» эътироф шудааст.



