Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов дар остонаи сафари расмии худ ба Душанбе, ки моҳи март дар назар аст, сафири Туркманистон дар Тоҷикистонро иваз кард.
Аз намояндагии дипломатии Ашқобод дар Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сафири нави Туркманистон дар Тоҷикистон Чори Атоев таъин шудааст, ки қаблан дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар фаъолият доштааст.
Зимнан зикр гардид, ки собиқ сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ишонгули Амонлиев сафири ин кишвар дар Туркия таъин шудааст.



