Гуфтушуниди президент бо намояндагони баландпояи сохторҳои қудратии Чин

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Гопинро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои  амниятии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.  “Мо кишвари Шуморо ҳамчун шарики боэътимод ва ҳамсояи наку […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Гопинро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои  амниятии Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.

 “Мо кишвари Шуморо ҳамчун шарики боэътимод ва ҳамсояи наку медонем, ки ҳамаҷониба Тоҷикистонро ҷиҳати рушди бахшҳои муҳими ҷомеа ва таъмини амният ҷонибдорӣ менамояд” таъкид дошт дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки бо ҳамгироии муштарак ва бо такя ба муносибатҳои таърихии ҳусни накӯи ҳамҷаворӣ метавонанд амнияту суботро дар ду кишвар ва минтақа нигоҳ доранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон ва эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ин кишвари ҳамсоя ва дигар мавзуъҳои барои ҳарду ҷониб судманд табодули афкор намуданд.

Қабл аз ин Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин узви Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, сардори ситоди муттаҳидаи Артиши халқии озодибахши Чин Фан Фэнхоэйро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.

 “Масъалаи таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, дар маҷмуъ бахши амниятӣ мавзуъи муҳими ҳамкориҳои кишварҳои мо мебошад” таъкид намуд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои давлатҳо, ки характери стратегию шарикӣ доранд, қаноатмандӣ намуда, изҳори умед карданд, ки бо талошҳои пайваста он ба таври бемайлон рушд мекунад.

Дар мулоқот оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси низомии тоҷик, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда табодули андеша сурат гирифта, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бо се хатари мудҳиш – терроризм, экстремизм ва сепаратизмро муҳимму назаррас маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон  ва таҳдиду хатарҳои дигар мо бояд ҳамаҷониба омода бошем.

Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, инчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, мавзуъҳои доғи минтақаву ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои ҳалли он гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ бо Комиссари махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои бехатарии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Чэн Гопин

мулоқот доир намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат