ВКД аз афзоиши ҳодисаҳои қаллобӣ ҳушдор медиҳад

ASIA-Plus



Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави содир шудани ҷиноятҳои қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир карданд, ки номбурда моҳи ноябри соли гузашта бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 68,5 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Ҳамчунин ин марди 32-сола бо ҳамин роҳ ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ беш аз 890 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.    

Гуфта мешавад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 9 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ба иттилои манбаъ, бо ҳамин мазмун ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 зани 25-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13,5 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Қайд мешавад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҳисор муроҷиат намудааст, ки  моҳи сентябри соли 2015 марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”-ро ба маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, 5 ҳазор доллари амрикоиашро пардохт, вале боқимонда 8 ҳазор доллари дигарашро то ҳол надодааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нисбат ба моҳи январи соли гузашта дар моҳи январи соли равон ҳодисаҳои қаллобӣ дар Тоҷикистон 8,2% афзуда моҳи гузашта дар ҷумҳурӣ 460 ҳодисаи қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо моҳи январи соли гузашта 35 ҳолат бештар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.