ВКД аз афзоиши ҳодисаҳои қаллобӣ ҳушдор медиҳад

Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави содир шудани ҷиноятҳои қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир карданд, ки номбурда моҳи ноябри соли гузашта бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 68,5 ҳазор […]



Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳолатҳои нави содир шудани ҷиноятҳои қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир карданд, ки номбурда моҳи ноябри соли гузашта бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 68,5 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Ҳамчунин ин марди 32-сола бо ҳамин роҳ ба боварии марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ беш аз 890 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.    

Гуфта мешавад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 9 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ба иттилои манбаъ, бо ҳамин мазмун ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 зани 25-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13,5 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Қайд мешавад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҳисор муроҷиат намудааст, ки  моҳи сентябри соли 2015 марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”-ро ба маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, 5 ҳазор доллари амрикоиашро пардохт, вале боқимонда 8 ҳазор доллари дигарашро то ҳол надодааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нисбат ба моҳи январи соли гузашта дар моҳи январи соли равон ҳодисаҳои қаллобӣ дар Тоҷикистон 8,2% афзуда моҳи гузашта дар ҷумҳурӣ 460 ҳодисаи қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо моҳи январи соли гузашта 35 ҳолат бештар мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.