Суди шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Фурқат Холови 24-сола ва шаҳрванди Ӯзбекистон Санъатҷон Хайруллоев, ҳар кадомеро барои куштани таксиронҳо дар шаҳри Маскав ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Бино ба
иттилои
хадамоти матбуоти прокуратураи Русия, муайян карда шудааст, ки 27 декабри соли 2014 Холов ва Хайруллоев дар роҳ ба самти шаҳри Троитск ронандаи таксиро кушта, ҷасади ӯро дар чуқурие дар ҷангал пинҳон мекунанд ва автомашинаи ӯро бо мақсади минбаъд фурӯхтан бо худ мебаранд.
Моҳи январи соли 2015 низ онҳо ба чунин ҷиноят даст задаанд. Ин дафъа онҳо ба таскирон ҳуҷум карда, ӯро мекушанд ва ҷасадашро бо барф пӯшонида, бо автомашинаи ӯ аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.



