Машқҳои бузургмиқёси артиши Тоҷикистону Русия

Дар қаламрави панҷ тамрингоҳи низомии гарнизони Хатлон аз 15 то 20 март машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русия баргузор мешаванд, ки аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» […]



Дар қаламрави панҷ тамрингоҳи низомии гарнизони Хатлон аз 15 то 20 март машқҳои маҷмӯавии фаврӣ ва тактикии намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ, кормандони мақомоти давлатии кишвар ва хизматчиёни ҳарбии Русия баргузор мешаванд, ки аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки машқҳо бо иштироки ҳудуди 50 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётӣ дар тамрингоҳҳои «Лоҳур», «Сумбула», «Момирак», «Ҳарбмайдон» ва «Ҳалқаёр» доир мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин машқҳо хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ ширкат меварзанд. «Шумори хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия, ҳамчунин шумори авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, ки дар машқҳо иштирок мекунанд, то аввали ҳафтаи равон мувофиқа мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки машқҳо дар доираи иҷрои Амри президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалалҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқ ва амалисозии нақшаи ташкили мудофиаи қаламрав»  гузаронида мешаванд.

Қайд шуд, ки ба ин машқҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаи сабуки оташфишон ва артиллерия сафарбар мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.