Мушкилиҳо дар сохтмони роҳи Кӯлоб- Қалъаихумб

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар бораи мушкилиҳои пайдошуда дар сохтмони қитъаи Шӯрообод – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб хабар медиҳад. Мутахаcсисон муайян кардаанд, ки тайи моҳи ахир дар баъзе қисматҳо аз 2 то 7 см кӯчиш ва таркиш пайдо шудаст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти вазорат, дар маҷлисгоҳи Вазорат Шӯрои илмӣ – техникӣ оид ба […]



Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар бораи мушкилиҳои пайдошуда дар сохтмони қитъаи Шӯрообод – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб хабар медиҳад. Мутахаcсисон муайян кардаанд, ки тайи моҳи ахир дар баъзе қисматҳо аз 2 то 7 см кӯчиш ва таркиш пайдо шудаст.

Бино ба

маълумоти

хадамоти матбуоти вазорат, дар маҷлисгоҳи Вазорат Шӯрои илмӣ – техникӣ оид ба баррасии тадқиқоти омӯзиши корҳои геодезӣ ва геологии қитъаҳои зери лағжиш қарордоштаи роҳи автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб -Хоруғ -Мурғоб ағбаи Қулма, қитъаи Шӯрообод- Шоҳон баргузор гардид.

Муовини якуми вазир Суҳроб Мирзоев аз рӯи масъалаи рӯзнома оғоз намуда, чунин гуфтааст: “Сабаби дар мувофиқа бо Вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ баргузор намудани Шӯрои илмӣ – техникӣ бинобар пайдо шудани мушкилиҳо дар лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Қалъахумб, қитъаи Шӯрообод- Шоҳон, ки 2 самтро дар бар мегирад, мебошад. Дар оғози корҳои сохтмонӣ ин камбудиҳо ба миён наомада буданд ва дар рафти корҳои сохтмонӣ чунин мушкилиҳо ошкор карда шуданд”.

Арзиши умумии лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод – Шоҳон 92,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин лоиҳа аз ҷумла бо  қарзҳои Бонки исломии рушд (20 млн. $), Фонди Саудии рушд (20 млн. $), Фонди Кувайтии рушди иқтисодии арабӣ (17 млн. $), Фонди Абу-Дабӣ (15 млн. $), Фонди ОПЕК (13 млн. $) маблағгузорӣ мешавад. Ҳисссаи ҳукумати Тоҷикистон дар буҷети лоиҳа ба 7,9 млн. $ баробар аст.

Ширкати «Комбайнд Групп»-и Кувайт ва ширкати «Текар»-и Туркия паймонкорони лоиҳа мебошанд. Масофаи қитъаи роҳи Шӯрообод – Шоҳон 40 километр аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.