Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов санаи 1 марти 2016 сафири Туркманистон Ишонкулӣ Аманлиевро бинобар анҷом ёфтани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат раванди рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон баланд арзёбӣ гардид ва изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф густариши беш аз пеш хоҳанд ёфт.
Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷӣ ба Сафир И. Аманлиев барои фаъолияти пурсамари дипломатияш дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.



