Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикистонро оғоз кард

Маросими оғози амалисозии лоиҳаи рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикистон санаи 1 март доир гардид. Амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд, ки ба гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) мансуб аст, маблағгузорӣ мешавад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳадафи аслиии лоиҳа бо маблағгузории 15 млн. доллари ИМА таҳияи механизмҳои такмил ва мониторинги сифати таҳсилоти […]



Маросими оғози амалисозии лоиҳаи рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикистон санаи 1 март доир гардид. Амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд, ки ба гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) мансуб аст, маблағгузорӣ мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳадафи аслиии лоиҳа бо маблағгузории 15 млн. доллари ИМА таҳияи механизмҳои такмил ва мониторинги сифати таҳсилоти олӣ дар кишвар ва мутобиқати он ба талаботи бозори кор аст.

Дар доираи оғози лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ озмуни миллӣ оид ба таъсири маълумоти олӣ ба ҷавононро дастгирӣ намуда, ба 9 тан аз иштирокчиёни интихобшуда аз миёни беш аз 100 нафар ҷавонон, ки иншоҳои худро пешниҳод намуда буданд, ҷоизаҳо тақдим кард.

Чунин маросимҳо имрӯз, 2 март дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва санаи 4 март дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.