Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти телевизиону радио

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

зимни суханронӣ

дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма фаъолияти шабакаҳои давлатии телевизионро мавариди интиқод қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал кори наворбардоронро ғайрикасбӣ унвон кард. «Борҳо ба роҳбарони Кумитаи телевизион ва радио ва дар суҳбатҳои алоҳида бо худи наворбардорон низ таъкид намудаам, ки аз болои худ кор кунед, ихтисос ва маҳорати касбии худро такмил диҳед, вале мутаассифона, ин масъала то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст», – гуфт президент.

Ӯ ҳамчунин таваҷҷуҳи журналистони телевизионро ба он ҷалб намуд, ки ба сару либос ва ҳаракатҳои шахсони сабтшаванда, яъне онҳое, ки дар эфиранд, кам аҳаммият дода мешавад ва ин камбудӣ ҳатто дар вақти танзим низ бартараф намегардад.

«Бе омодагии пешакӣ барои таҳияи намоиш нишастани журналистон масъалаи аз ҳама асосӣ мебошад. Ин масъала низ борҳо гуфта шуда буд, вале ҳоло низ мебинем, ки як нафар имрӯз барномаи кишоварзӣ, фардо барномаи мусиқӣ, рӯзи дигар аз иқтисодиёти ҷаҳон ва бӯҳрони молиявӣ суҳбат мекунад, ки ин камбудӣ аз нарасидани кадр мебошад», – қайд кард сарвари давлат.

Президент зикр кард, ки камбудии дигаре, ки аз ҷониби ровиёни барномаҳо зуд-зуд ба назар мерасад, худнамоии бемаврид, худро ҳамадон вонамуд кардан ва риоя накардани маданияти суҳбат, бемаврид буридани сухани мусоҳиб, гӯш накардан ба суханони ҳамсуҳбат ва дар рафти барнома хотирпарешон нишастан аст, ки ин камбудии ҷиддии коргардонҳо низ мебошад.

«Наттоқони барномаҳои иттилоотӣ аксар вақт гектарро аз садяк, миллиардро аз миллион, килоро аз тонна фарқ намекунанд, ки ин ибораҳо дар эфир борҳо садо додаанд. Номи шаҳрҳо ва минтақаву давлатҳои ҷаҳон аз забони наттоқони шабакаҳо хато, бо задаи бемаврид ва мантиқан нодуруст талаффуз мешаванд, ки ин аз надоштани касбияти гӯянда гувоҳӣ медиҳад», – гуфт президент.

Сарвари давлат ҳамчунин зикр кард, ки дар сатрҳои равон соатҳо хатоҳои имлоиву техникӣ меравад, вале касеро парвое нест. «Аз муҳтавои баъзе барномаҳо ва таърифу тавсифи бемантиқи баъзе ашхос чунин хулоса мебарояд, ки гӯё дар фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ, хусусан дар маҳалҳо ягон камбудӣ нест», – таъкид дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар шабакаҳои давлатии радио бештар барномаҳои мусиқӣ ва мусоҳибаҳои бемантиқ бо шунавандагон садо медиҳад. «Ин шабакаҳои радио амалан ба як минбари таблиғи мусиқии сифаташ паст ва сурудҳои ситораҳои навбаромад табдил ёфтаанд», – таъкид кард президент.

Ҳамчунин зикр гардид, ки бинобар паст будани муҳтавои барномаҳои телевизионҳои давлатӣ ва камбудиҳои техникӣ қисми муайяни аҳолӣ онҳоро тамошо намекунад.

Ғайр аз ин, сарвари давлат пешниҳод кард, ки минбаъдаи шабакаи телевизиони «Шабакаи аввал» шабакаи «Тоҷикистон» номгузорӣ шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.