Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар робита ба фоҷиаи кони ангишти «Северная»-и Воркутаи Ҷумҳурии Коми барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Муҳтарам Владимир Владимирович, Хабар дар бораи фоҷиаи кони ангишти «Северная»-и Воркутаи Ҷумҳурии Комии Федератсияи Русияро, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат бардоштанд, […]


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар робита ба фоҷиаи кони ангишти «Северная»-и Воркутаи Ҷумҳурии Коми барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабар дар бораи фоҷиаи кони ангишти «Северная»-и Воркутаи Ҷумҳурии Комии Федератсияи Русияро, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат бардоштанд, бо андӯҳи амиқ дарёфтам.

Муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ангиштканон ва наҷотдиҳандагони ҳалокшуда, инчунин таманниёти зуд шифо ёфтанро  ба осебдидагон расонед».

Ёдрас мекунем, ки ин фоҷеа дар кони ангишти «Северная» рӯзи 25 феврал рух дода, бар асари он 36 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар робита ба ин ҳодиса дар Ҷумҳурии Коми се рӯз мотам эълон шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.