Боздошти нашъаҷаллоб дар Хоруғ бо мусоидати аҳолии маҳаллӣ

"Озодагон"



Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти Анваршо Имроншоев муллақаб ба “Анвари Хирс” дар шаҳри Хоруғ хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳнсозии он миёни ҷавонон муттаҳам мешавад.

Хабаргузории

«Озодагон»

бо такя ба иттилои мақомот менависад,  “Анвари Хирс” рӯзи 25 феврал дар пайи як амалиёти муштараки Кумитаи амният, Вазорати умури дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дар ҳамкорӣ ба сокинони шаҳри Хоруғ дастгир шудааст.

Мақомот мегӯянд, Анваршо Имроншоев аз чанд соли пеш ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштааст: “Маълум шуд, ки ӯ яке аз паҳкунандаи асосии маводи мухаддир дар шаҳри Хоруғу гирду атрофи он ба шумор мерафтааст. Вақти азназаргузаронӣ аз манзили истиқоматиаш 61 адад бастачаи коғазӣ бо маводи сахттаъсири навъи героин дарёфту мусодира карда шуд”.

Дар гузориши телевизионие, ки шоми 14 март пахш гардид, “Анвари Хирс” ба гуноҳи худ иқрор шуда, барои кирдорҳои содирнамудааш аз мардуми Бадахшон узрхоҳӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Дар ҳақиқат ман маводи мазкурро аз Карим ном, сокини ноҳияи Шуғнон харидорӣ намуда, ба сокинони шаҳри Хоруғ ҳар як донаашоро ба маблағи 10 сомонӣ мефурӯхтам. Ҳар ҳафта ман героинро се маротиба аз Карим мехаридам, аз ман сокинони шаҳри Хоруғ харидорӣ менамуданд”.

Дар ин гузориш таъкид шуд, Имроншоев дар пайи муроҷиати шаҳрвандон, бахусус модарони шаҳри Хоруғ, ки фарзандонашон бо айби ӯ мубталои бемории нашъамандӣ гардидаанд, боздошт шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯяд, алайҳи боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба иттилои манбаъ, танҳо дар соли 2015 дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 45 нафар аз бемории нашъмандӣ ба ҳалокат расидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.