Боздошти нашъаҷаллоб дар Хоруғ бо мусоидати аҳолии маҳаллӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти Анваршо Имроншоев муллақаб ба “Анвари Хирс” дар шаҳри Хоруғ хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳнсозии он миёни ҷавонон муттаҳам мешавад. Хабаргузории «Озодагон» бо такя ба иттилои мақомот менависад,  “Анвари Хирс” рӯзи 25 феврал дар пайи як амалиёти муштараки Кумитаи амният, Вазорати умури дохилӣ, Агентии […]

"Озодагон"



Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти Анваршо Имроншоев муллақаб ба “Анвари Хирс” дар шаҳри Хоруғ хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳнсозии он миёни ҷавонон муттаҳам мешавад.

Хабаргузории

«Озодагон»

бо такя ба иттилои мақомот менависад,  “Анвари Хирс” рӯзи 25 феврал дар пайи як амалиёти муштараки Кумитаи амният, Вазорати умури дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дар ҳамкорӣ ба сокинони шаҳри Хоруғ дастгир шудааст.

Мақомот мегӯянд, Анваршо Имроншоев аз чанд соли пеш ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштааст: “Маълум шуд, ки ӯ яке аз паҳкунандаи асосии маводи мухаддир дар шаҳри Хоруғу гирду атрофи он ба шумор мерафтааст. Вақти азназаргузаронӣ аз манзили истиқоматиаш 61 адад бастачаи коғазӣ бо маводи сахттаъсири навъи героин дарёфту мусодира карда шуд”.

Дар гузориши телевизионие, ки шоми 14 март пахш гардид, “Анвари Хирс” ба гуноҳи худ иқрор шуда, барои кирдорҳои содирнамудааш аз мардуми Бадахшон узрхоҳӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Дар ҳақиқат ман маводи мазкурро аз Карим ном, сокини ноҳияи Шуғнон харидорӣ намуда, ба сокинони шаҳри Хоруғ ҳар як донаашоро ба маблағи 10 сомонӣ мефурӯхтам. Ҳар ҳафта ман героинро се маротиба аз Карим мехаридам, аз ман сокинони шаҳри Хоруғ харидорӣ менамуданд”.

Дар ин гузориш таъкид шуд, Имроншоев дар пайи муроҷиати шаҳрвандон, бахусус модарони шаҳри Хоруғ, ки фарзандонашон бо айби ӯ мубталои бемории нашъамандӣ гардидаанд, боздошт шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯяд, алайҳи боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба иттилои манбаъ, танҳо дар соли 2015 дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 45 нафар аз бемории нашъмандӣ ба ҳалокат расидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.