Президент: Ба таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат намоед

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни

сафари корӣ

ба ноҳияи Рӯдакӣ дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти

Маркази саломатии ноҳия

оғози расмӣ бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин марказ наздики 9 миллион сомонӣ ва барои бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз намудан 1 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.

Бинои Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ аз панҷ ошёна иборат буда, барои қабули 310 нафар бемор дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар Маркази саломатӣ беш аз 300 нафар мутахассиси соҳаи тиб бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Баъди шиносоии пурра бо шароити Маркази нави саломатӣ дар саҳни ҳавлӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ суҳбати самимӣ ороста, аз кишоварзони ноҳия даъват ба амал овард, ки дар таъмини пурра бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ, сабзавоти барвақтӣ ва таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои муассир биандешанд.

Зимни

суханронӣ

 дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ Президент таъкид дошт, ки давоми 10 соли охир танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ шумораи аҳолӣ 125 ҳазор нафар зиёд гардида, айни ҳол ин шумора қариб ба 465 ҳазор нафар расидааст. Тибқи маълумот дар ноҳия ҳар сол ба ҳисоби миёна зиёда аз 10 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд ва мувофиқи маълумоти пешакӣ, соли таҳсили ҷорӣ ин рақам ба 14 ҳазор нафар хоҳад расид.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки баҳри фарогирии кӯдакони ноҳияи Рӯдакӣ бо таҳсил ҳукумат ҳамаҷониба тадбир меандешад ва дар ин робита аз соҳибкорони маҳаллӣ даъват кард, ки дар сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ саҳм гузоранд.

Дар баробари ин, аз аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва шахсони калонсолу обрӯманд даъват шуд, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат намоянд ва кӯшиш кунанд, ки кӯдакони имрӯза ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат, забондону донишманд, соҳиби касбу ҳунарҳоии замонавӣ ва умуман чун насли ояндасозу ободгар ба воя расанд.

«Дар самти пешгирии таъсири номатлуби фарҳангу мафкураи бегона ва шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои хатарноки экстремистиву террористӣ аз ҷониби сохтору мақомоти дахлдор, падару модарон, шахсони обрӯманду рӯзгордида ва умуман аҳли ҷомеа чораҳои иловагии фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда андешида шаванд», – таъкид дошт президент.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.