Пуштибонии ташкилотҳои қарзӣ аз сиёсати қурбии БМТ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар мавзӯи сиёсати қурбии худ байни ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ назарпурсӣ анҷом дод. Хадамоти матбуоти БМТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки назарсанҷӣ бо мақсади танзими сиёсати қурбӣ бо пешниҳоди якчанд саволҳои мушаххас давоми ҳафтаи гузашта гузаронида шудааст. Аз ҷумла, ташкилотҳои қарзӣ оид ба муқаррар кардани қурби бозории доллари ИМА дар асоси […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар мавзӯи сиёсати қурбии худ байни ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ

назарпурсӣ

анҷом дод.

Хадамоти матбуоти БМТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки назарсанҷӣ бо мақсади танзими сиёсати қурбӣ бо пешниҳоди якчанд саволҳои мушаххас давоми ҳафтаи гузашта гузаронида шудааст.

Аз ҷумла, ташкилотҳои қарзӣ оид ба муқаррар кардани қурби бозории доллари ИМА дар асоси кадом қурб изҳори андеша кардаанд. Дар натиҷа, 32,7%-и пурсидашудагон посух додаанд, ки қурби бозории доллари ИМА-ро дар асоси қурбӣ расмӣ, 28,8% – қурби байнибонкӣ, 13,5% – қурби нақдӣ, 11,5% – қурби дохилибонкӣ ва 13,5% – қурби дигар муқаррар менамоянд.

Ба пурсиш дар бораи вобаста будани  қурби бозории доллари ИМА ба қурби расмӣ 54,2% -«ҳа», 39,6% – «не» ва 6,3%-«намедонам» посух гуфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, 48,9% ба бидуни тағйир боқӣ гузаштани то 1,5% маҳдудсозии қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд овоз дода, ҳамин миқдор «мухолиф» ва 2,1% – «намедонам» ибрози андеша кардаанд.

Ба савол доир ба аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ гузаронидани амалиёт дар бозори байнибонкӣ тариқи низоми савдои Томсон Ройтерс  55,8% – «ҳа», 32,6% – «не» ва 11,6% – «дигар» ҷавоб додаанд.

Саволи минбаъда дар шакли зерин пешниҳод шудааст: «Оё Шумо аз кори бозори байнибонкӣ розӣ хастед?». Ба ин савол 60,5% – «ҳа», 23,3% – «не» ва 16,3% – «дигар»-ро пешниҳод намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, 83%-и пурсидашудагон ба дастгирии мубодилаи ҳатмии рубли русии интиқолӣ ба сомонӣ ва 12,8% «мухолиф»-и он посух гуфта, 4,3% аз посух худдорӣ кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.