Манфиатдории Того ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон

Зимни мулоқоти рӯзи 14 марти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Того дар Тоҷикистон Муҳаммад Саъд Оуро-Самар масоили роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Того дар бахшҳои мавриди таваҷчуҳи […]



Зимни мулоқоти рӯзи 14 марти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Того дар Тоҷикистон Муҳаммад Саъд Оуро-Самар масоили роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Того дар бахшҳои мавриди таваҷчуҳи тарафайн таваҷчуҳи хосса зоҳир намуданд.

«Ҳамчунин атрофи масоили ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ табодули назари судманд сурат гирифт», – гуфтанд дар Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март дар сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қувайт

маросими ба имзо расонидани

Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Того баргузор гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.