Таваҷҷуҳи ширкатҳои эронӣ ба сохтмони иншоотҳои нави зербиноӣ дар Тоҷикистон

ASIA-Plus



Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода бо ҳайати Консортсиуми ширкатҳои “Метсед”, “Незар” ва “Умари Морун”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, ҳайати Консортсиум бо мақсади баррасии имкони иштирок дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф оварда буданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ҳайат бо вазорату кумита ва корхонаҳои дахлдори дигар низ вохӯриҳо доштанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқот бо вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯъи  имкони ширкат варзидани ширкатҳои эронӣ дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ муҳокимаву баррасӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки ширкатҳои эронӣ дар амалисозии як қатор лоиҳаҳои зербиноӣ ва энергетикӣ дар Тоҷикистон ширкат варзиданд, аз ҷумла дар сохтмони нақби «Истиқлол», ки то ҳанӯз бозсозиша идома дорад, ҳарчанд расман соли 2006 мавриди истифода қарор гирифта буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.