Таваҷҷуҳи ширкатҳои эронӣ ба сохтмони иншоотҳои нави зербиноӣ дар Тоҷикистон

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода бо ҳайати Консортсиуми ширкатҳои “Метсед”, “Незар” ва “Умари Морун”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, ҳайати Консортсиум бо мақсади баррасии имкони иштирок дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф оварда буданд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ҳайат бо вазорату […]

ASIA-Plus



Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода бо ҳайати Консортсиуми ширкатҳои “Метсед”, “Незар” ва “Умари Морун”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, ҳайати Консортсиум бо мақсади баррасии имкони иштирок дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф оварда буданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ҳайат бо вазорату кумита ва корхонаҳои дахлдори дигар низ вохӯриҳо доштанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқот бо вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯъи  имкони ширкат варзидани ширкатҳои эронӣ дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ муҳокимаву баррасӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки ширкатҳои эронӣ дар амалисозии як қатор лоиҳаҳои зербиноӣ ва энергетикӣ дар Тоҷикистон ширкат варзиданд, аз ҷумла дар сохтмони нақби «Истиқлол», ки то ҳанӯз бозсозиша идома дорад, ҳарчанд расман соли 2006 мавриди истифода қарор гирифта буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.