Дар шаҳри Пекин рӯзи 15 марти соли 2016 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ кори худро оғоз намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласаи зикршуда ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовинивВазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Маҳмадшариф Ҳакдод иштирок дорад.
Гуфта мешавад, дар рафти ин ҷаласа мавзӯъҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои сарони давлатҳо, Котибони Шӯроҳои амният, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ, ки барои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ваколатдор шудаанд, пешниҳод мешаванд.
Зикр мегардад, ки инчунин масъалаҳои вобаста ба раванди узвияти Ҳиндустону Покистон ба СҲШ ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи фаъолияти Созмон мавриди муҳокима қарор мегиранд.



