Сатҳи таваррум тамоили пастравӣ касб кард

Моҳи феврали соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,5%-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январ 0,9% камтар аст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аз аввали сол мизони таваррум дар ҷумҳурӣ 1,9%-ро ташкил додааст. Аз ҷумла давоми ду моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти ғизойӣ – 2,1%,  маҳсулоти ғайриғизоӣ – 1,1% […]

ASIA-Plus



Моҳи феврали соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,5%-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январ 0,9% камтар аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аз аввали сол мизони таваррум дар ҷумҳурӣ 1,9%-ро ташкил додааст.

Аз ҷумла давоми ду моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти ғизойӣ – 2,1%,  маҳсулоти ғайриғизоӣ – 1,1% ва хизматрасонии  пулакӣ ба аҳолӣ – 3,2% қимат шуданд.

Сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) дар моҳи феврали соли ҷорӣ 6,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад.

Омилҳои асосии пастравии таваррум, бахусус дар моҳи февралро дар БМТ ба муътадил гардидани вазъи бозори дохилии асъор ва устуворшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъорҳои хориҷӣ нисбат медиҳанд, ки ба коҳишёбии нархи молу маҳсулотҳои асосии воридшаванда, хусусан орд, шакар, равған, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти нафтӣ (бензин ва гази моеъ) ва ғайра таъсир расонидааст.

Гуфта мешавад, дар баробари ин, афзоиши пешниҳоди маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ ва аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ ба фурӯш баровардани молу маҳсулотҳои аввалиндараҷа ба раванди пастравии сатҳи нархҳо низ мусоидат намуданд.

Зикр мегардад, ки дар ду моҳи соли равон арзоншавии гӯшти гов ва гӯсфанд, биринҷ, картошка, сабзӣ, шир, тухм, орди навъи якум, ангишт ва бензин ба қайд гирифта шуд.

«Бояд тазаккур дод, ки раванди муътадили сатҳи таваррум яке аз омили асосии таъминкунандаи суботи молиявӣ ва устуворкунандаи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор меравад», – омадааст дар маълумоти БМТ.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.