Директори осорхонаи давлатии вилояти Хатлон «Авасто» Насриддин Каримов, ки қаблан боздошт шуда буд, ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар манзили Каримов 219 грамм маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира шудааст.
Нисбати Насриддин Каримов мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ расман боздошти директори осорхонаро ба ҳеҷ гунае шарҳу тавзеҳ намедиҳанд.
Бино ба маълумоти як манбаъи «Азия-Плюс», Н.Каримов ҳанӯз то таҷлили ҷашни Наврӯз боздошт шуда, вале сабабҳои боздошти ӯ маълум набуданд.
Дар Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки аз боздошти директори осорхонаи вилоятӣ баъди рӯзҳои истироҳати дарозмуддати ҷашни Наврӯз, вақте ки ӯ ба кор набаромадааст, огоҳ шудаанд, лекин онҳо ҳам аз сабабҳои боздошти Н.Каримов маълумот надоштанд.
