IRS: Роҳи Душанбе-Хуҷанд аз тарма тоза ва ҳаракати нақлиёт таъмин шуд

ASIA-Plus

Нимаи дуюми санаи  29 марти соли равон дар километри 158-уми роҳи мошингарди Душанбе Хуҷанд фаромадани тармаи бузургҳаҷм, ки дарозиаш зиёда аз 70 метрро ташкил медод, ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки нигоҳдории шоҳроҳи мазкур ба зиммааш вогузор аст, ҳанӯз аз лаҳзаи аввали рух додани ин […]



Нимаи дуюми санаи  29 марти соли равон дар километри 158-уми роҳи мошингарди Душанбе Хуҷанд фаромадани тармаи бузургҳаҷм, ки дарозиаш зиёда аз 70 метрро ташкил медод, ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки нигоҳдории шоҳроҳи мазкур ба зиммааш вогузор аст, ҳанӯз аз лаҳзаи аввали рух додани ин ҳодиса техникаҳои пуриқтидори Филиали Ширкат ба макони ҳодиса сафарбар шуда, дар як муддати кӯтоҳ, яъне то  соати 20:20 дақиқа онро бартараф намуданд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, соати 18:00 дар километри 80-ум низ фаромадани тарма ба масофаи умумии зиёда аз 50 метр ба амал омада, дар пайи чорандешии бетаъхири кормандони филиали Ширкат то соати 23:30 роҳ аз ин тарма тоза карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ пурра таъмин карда шудааст.

«Харидории зиёда аз 156  мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд, замина фароҳам овард, ки ҳатто рўзҳои пурбарфтарини фасли зимистон ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ  таъмин гардад», – гуфта мешавад дар маълумоти филиали Ширкат.

Ҳамчунин IRS аз ронандагону мусофирон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки зимни убури минтақаи мазкур дақиқназару эҳтиёткор бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.