Анҷоми лоиҳаи ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикобод

Иттилоияи расмӣ

Ю Ишикава, роҳбари бахши матбуотии сафорати Чопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мактаби № 15 деҳаи «Сабзазор»-и ҷамоати деҳоти «Лангаришоҳ»-и ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварда, дар маросими бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ширкат варзид. Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар оданд, «Лоиҳаи […]



Ю Ишикава, роҳбари бахши матбуотии сафорати Чопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мактаби № 15 деҳаи «Сабзазор»-и ҷамоати деҳоти «Лангаришоҳ»-и ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварда, дар маросими бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ширкат варзид.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар оданд, «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №15 деҳаи «Сабзазор»-и ҷамоати деҳоти «Лангаришоҳ»-и ноҳияи Тоҷикобод» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт амалӣ гашт.

Баҳри бунёди бинои мактаби нав, иборат аз панҷ синфхона ва дафтари омӯзгорон аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Точикобод маблағи умумии 99,391 доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Тоҷикобод аз ҷониби хеш бинои нави мактабро бо таҷҳизоти омӯзишӣ аз қабили мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ муҷаххаз гардонид.

Дар маросими ба тасвиб расонидани лоиҳаҳои мазкур Ишикава қайд намуд, ки лоиҳаҳои барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон тавассути рушди соҳаи маориф, беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, чи дар ноҳияҳои дурдаст ва чи дар маҳалҳои сераҳолӣ ба бехтар гаштани хаёти мардум мусоидат менамоянд. “Инчунин, лоиҳаҳои мазкур баҳри вусъат бахшидан ба равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон нақши муҳим мебозанд,”- илова намуд Ишикава.

Гуфта мешавад, дар маросими мазкур инчунин оғои Ализода Ҳусейн, раиси ноҳияи Тоҷикобод, дар ҳузури хонандагон, омӯзгорон, директори мактаб ва волидайн, дар суханронии хеш ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии лоиҳаи мазкур изҳори миннатдории самимӣ баён намуд.

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёди ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.

Аз соли 1996 то инҷониб кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 352 лоиҳаро ба маблағи умумии $28,5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

Оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.