Ҳайати Ҷумҳурии Корея барои иштирок дар машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Корея рӯзи 30 март ба Душанбе ташриф овард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз 4 то 6 апрел ҳайати Давлати Кувайт бо роҳбарии ҷаноби Алӣ Сулаймон ас-Саъд, муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт низ ҷиҳати иштирок дар машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Кувайт ба Тоҷикистон меояд.
Гуфта мешавад, аз 5 то 7 апрел ҳайати Федератсияи Русия бо роҳбарии Олег Сиромолотов, муовини вазири корҳои хориҷии Русия ба Душанбе ташриф оварда, дар машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия иштирок мекунад.
