Бештар аз 10 ҳазор нафар аз шумори ҷавонони вилояти Суғд огаҳии худро доир ба хабарҳои савдои одамон ва ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар чаҳорчӯбаи як силсилаи чорабиниҳои иттилоотӣ, ки имрӯз, 31-уми март, дар ноҳияи Ашт оғоз шуд, боло мебаранд.
Ин чорабиниҳо аз ҷониби Ассосиатсияи “Зан ва ҷомеа” дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи USAID оид ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳо баргузор мегарданд. Лоиҳаи мазкурро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) амалӣ менамояд ва иҷрои он бо мусоидати мардуми Амрико тавассути Оҷонсии ИМА доир ба рушди байнулмилалӣ (USAID) имконпазир гардидааст.
Силсилаи иборат аз се чорабиниии иттилоотӣ бо номи “Ҳуқуқи худро бидон ва аз савдои одамон худро эмин дор” ҷавонони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуровро бо мушкили савдои одамон дар Тоҷикистон ва василаҳои маъмултарини фиреби одамон ҷиҳати истисмори баъдии корӣ ва шаҳвонӣ шинос карда, доир ба роҳҳои эмин нигаҳ доштани худ ва оилаву дӯстон аз занҷираҳои макри ҷинояткорон маълумот медиҳад.
Муяссара Бобохонова аз Ассосиатсияи “Зан ва ҷомеа”, мегӯяд, “бештар ҷавонони камдониш ва каммаълумот аз хатари гирифторӣ ба савдо ва истисмор осебпазиранд, чунки онҳо доир ба шароити кору зиндагӣ ва қонунҳо дар кишвари бегона маълумоти кофӣ надоранд, ҳуқуқи худро ба қадри кофӣ намедонанд ва худро қонунан ҳимоя карда наметавонанд. Ҳамчунин, ба сабабе, ки таҷрибаи кору зиндагӣ берун аз шаҳри худро надоранд, ҳадафи осони ҷинояткорон мегарданд. Чорабиниҳои иттилоотии мо, махсусан, барои онҳое равона шудааст, ки ба қасди корҷӯӣ ба хориҷа сафар доранд, то онҳо доир ба ҷанбаъи ҳуқуқии масъала ва хатарҳои эҳтимолии пешниҳодҳои шубҳаовари кор маълумот дошта бигиранд”.
Дар ҷараёни чорабиниҳо, коршиносони Ассосиатсияи “Зан ва ҷомеа”, СБМ Тоҷикистон, ва сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ дар маҳалҳо ба ҷавонон доир ба паёмадҳои қабули пешниҳодҳои шубҳадори ҷойи кор маълумот медиҳанд, қиссаҳои воқеъии қурбониёни савдои одамонро нақл мекунанд, озмунҳои гуногунро ҷиҳати санҷиши сатҳи дониши ҷавонон ва баланд бардоштани огоҳияшон доир ба масъалаи мазкур баргузор мекунанд, баргаҳои иттилоотӣ тақсим мекунанд, ва дар барномаҳои гуногуни телевизионӣ иштирок мекунанд.
Ҳадафи умумии лоиҳа баланд бардоштани огаҳии мардум, махсусан, муҳоҷирони корӣ, доир ба ҳуқуқашон, ва тавонмандсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи муҳоҷирон, муҳоҷирони эҳтимолӣ ва аҳли оилаи онҳо, ва дар маҷмӯъ, ҳуқуқи аҳолӣ мебошад.
