Аъзои ДИ бинои Раёсати ВКД Хатлонро таркониданӣ буданд

Аваз Юлдошев

Кормандони ВКД Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар омодакунии таркиши бинои Раёсати милитсияи вилояти Хатлон ду тан аз сокинони ноҳияи Ҷиликӯл – Шамсидин Фатҳиддинови 30-сола ва Самовиддин Саймуҳиддинови 28-соларо боздошт намуданд. Шабакаи давлатии телевизиони «Сафина» шоми рӯзи 31 март гузориши таҳиянамудаи кормандони ВКД-и кишварро дар ин хусус намоиш дод. Дар гузориши қайд шуд, ки ҳарду […]



Кормандони ВКД Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар омодакунии таркиши бинои Раёсати милитсияи вилояти Хатлон ду тан аз сокинони ноҳияи Ҷиликӯл – Шамсидин Фатҳиддинови 30-сола ва Самовиддин Саймуҳиддинови 28-соларо боздошт намуданд. Шабакаи давлатии телевизиони «Сафина» шоми рӯзи 31 март гузориши таҳиянамудаи кормандони ВКД-и кишварро дар ин хусус намоиш дод.

Дар гузориши қайд шуд, ки ҳарду боздоштшуда қаблан аз Русия ба Ироқ рафта, он ҷо дар сафҳои созмони террористии ба ном Давлати исломӣ (ДИ) меҷангидаанд.

Яке аз боздоштшудагон – Ш.Фатҳиддинов назди видеокамера мегӯяд, ӯ дар шаҳри Мосул сари чамбараки автомашинаи мингузоришуда нишаста, омода буд, ки худро қурбон намояд. «Вале маро аз ин амал Самовиддин боздошт», – қайд кард ӯ.

Бино ба маълуомти ВКД, боздоштшудагон чанде қабл аз Ироқ ба Туркия баргашта, сипас ба Русия ва аз он ҷо ба Тоҷикистон омадаанд.

Боздоштшудагон баёнот доданд, ки бо супориши Давлати исломӣ ният доштаанд, ки дар автомашинаи бо баллонҳои газ боршуда бинои Раёсати ВКД дар Хатлонро рахна созанд. «Дар Давлати исломӣ ваъда доданд, ки ба ивази бинои тарконидашуда ба мо арзиши даҳ автомашинаро пардохт мекунанд», – изҳор доштанд онҳо.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.