Манъи ифтитоҳи хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни қарори раиси пойтахт

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ифтитоҳи хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахтро бидуни қарори дахлдори раиси шаҳр манъ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, минбаъд ҳамчунин тағйири хатсайрҳои амалкунандаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе бидуни қарори раиси шаҳр манъ карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, раиси пойтахт ба сохторҳои марбутаи шаҳрдории пойтахт ҳамчунин дастур додааст, ки хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини гирду атрофи шаҳрро, ки палатаи болоии парлумон ба қаламрави пойтахт ҳамроҳ кард, омода ва барои тасдиқ пешниҳод кунанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ раиси пойтахт ба директори МД «Душанбенақлиётхидматрасон» Абдулҳақ Алиев ва сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт Файзиддин Камолов барои бартараф кардан камбудиҳо дар ин самт

як моҳ муҳлат дод.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 49

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чилу нуҳуми ин асари...

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...